Нақзи фаъолияти мониторҳои порталӣ радиатсионӣ (РПМ) дар гузаргоҳи назоратии «Дусти» шаҳри Турсунзад.
30 ноябри соли 2021 мутахассисони Маъмурияти миллии амнияти ҳастаии Вазорати энержии ИМА (DOE/NNSA), Идораи ошкорсозӣ ва маҳдудсозии контрабанди ҳастаӣ (NSDD) ва кормандони Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АХБРЯБ НАНТ) ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳи назоратии «Дусти»-и шаҳри Турсунзаде боздид намуданд.
Ҳадафи боздид санҷиши дурусти фаъолияти мониторҳои порталии радиатсионӣ (РПМ) ва истифодаи дастгоҳҳои дастӣ барои анҷоми санҷиши дуюм ҳангоми ошкор намудани маводҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ буд. Сардори навбатдори гузаргоҳи «Дусти» кори таҷҳизотро намоиш дод ва фаъолияти низоми марказии огоҳсозии ҳолатҳои изтирорӣ (CAS)-ро нишон дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин баргузории курсҳои омӯзишӣ барои инспекторон, навсозии нармафзори РПМ ва рӯйхати лавозимоти лозима барои гурӯҳҳои мобилии гузаргоҳи «Дусти»-и шаҳри Турсунзаде баррасӣ шуданд.